Муколамаи тиҷоратии Япония ва Осиёи Марказӣ

21 феврали 2023 бо ибтикори Асотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOБO) Муколамаи тиҷоратии Япония ва Осиёи Марказӣ доир гардид.

Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония хабар дода, изофа кардааст, ки дар кори муколама сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноатӣ Япония ва роҳбарони кумитаҳои оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуданд.

Намояндагони доираҳои тиҷоратии Япония суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи афзояндаи тиҷорати Япония ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳамкориҳоро таъкид намуданд.

Ба иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Япония М.Ҷалолов дар бораи зарфиятҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва инчунин муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои судманд маълумот ироа кард.