Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон аз Туркия ба Ватан бармегарданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби 22 ба 23 феврал дар ҳайати пурра аз Туркия ба Ватан бармегарданд. Тавре маълум аст, наҷотдиҳандагони тоҷик дар ин давлат, ки аз заминларзаҳои шадид зарари калон дид, дар корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар додааст.

Гурӯҳи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз 50 нафар наҷотдиҳандагон ва табибон иборат мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки 20 феврал Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган зимни сафари корӣ дар вилояти Ҳатай бо кори ҷустуҷӯию наҷотдиҳии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.

Ӯ зимни суҳбат бо наҷотдиҳандагони тоҷик ба кори онҳо баҳои баланд дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми халқи тоҷик барои кумаку дастгирӣ дар чунин лаҳзаи барои мардуми Туркия мушкил, ки дар паҳлуи онҳо қарор гирифта, кумаки башарӣ расониданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯиву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.