Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни нишастӣ матбуотӣ хабар дод, ки агентии мазкур ҷиҳати татбиқ намудани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, ки соли 2021 имзо шуда буд, силсилачорабиниҳоро ба анҷом расонидааст.
Ба зикри мавсуф бо имзо расонидани шартномаи мазкур, мушкилиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ дар Федератсияи Русия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият намуда, ҳуқуқ ба нафақа ба даст намеоварданд баратараф карда шуда, татбтиқи шартнома ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои нафақавии онҳо ба ҳуқуқҳои шаҳрвандони Русия баробар карда шавад ва мутобиқи қонунгузории Федератсияи Русия ба таъйини нафақа ҳуқуқ пайдо намоянд.
Ҳамзамон, Дилмурод Давлатзода зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ аз шумораи умумии нафақагирон 159146 нафарро нафақагирони маъюб ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо 1367 нафар ё ин ки 0,9 фоиз зиёд гардидааст. Ӯ гуфт, ки барои пардохти нафақаи нафақагирони маъюбиятдошта дар як моҳ 51,9 млн. сомонӣ пардохт карда мешавад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 325, 84 сомонӣ баробар аст.