Наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар шуда, дар чораҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовар иштирок мекунанд.
Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири радиои “Овози тоҷик” иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони тоҷик барои расондани ёрӣ ҷиҳати рафъи окибатҳои заминларзае, ки дар Ҷумҳурии Туркия рӯй дод, бо маҷмӯи таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ фиристода мешаванд.
Гурӯҳи мазкур аз наҷотдиҳандагони баландихтисос, ҷарроҳ ва духтур — травматолог (шикастабанд) иборат аст.
Якҷоя бо гурӯҳи наҷот аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаи зарурии аввалин низ фиристода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз дирӯз то ҳол чандин заминларзаи шадид чандин шаҳри Туркияро такон дод, ки дар натиҷа беш аз 2000 бино тахриб шуда, бино ба маълумотҳои ахир наздик беш аз 1500 нафар ҷон бохта, зиёда аз 2000 нафар захмӣ шуданд.