АКС: ТВ «Варзиш»
Бахшида ба мақоми байналмилалӣ касб кардани гӯштини миллии тоҷикӣ 4 феврал дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва бахшида ба мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллии тоҷикӣ доир карда шуд.
Дар анҷоми мусобиқа ба ғолибону беҳтаринҳо, ки ба мусобиқаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд, ҷоизаву тӯҳфаҳои кумитаи тадорукот тақдим карда шуданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин мусобиқа, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи гӯштини миллӣ, оммавигардонии ин намуди варзиши аҷдодӣ ва тарзи ҳаёти солим миёни сокинон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.
Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор шуд. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуда, мунтазам рушд меёбанд.
Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат соли 2015 зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони мамлакат ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд.
Таваҷҷуҳ ва иштироки бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин чорабиниҳо гувоҳи возеҳи он буд, ки гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) тавонист қаламрави худро васеъ намояд ва мақоми байналмилалиро соҳиб шавад.