Дар натиҷаи заминларзаҳои шадид, ки субҳи дирӯз дар қисми ҷанубу шарқи Туркия ва дар минтақаи Қаҳрамонмараши ин кишвар рӯх дод, беш аз 3000 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 20 000 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.
Тавре шабакаи телевизионии “ББС” дар такя ба маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ хабар медиҳад, аз таконхурии замин сокинони 10 минтақаи Туркия зарар дидаанд. Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, заминларзаи аввал бо қувваи 7,8 ва заминларзаи дуввум бо қувваи 7,4 бал сар зад. Гуфта мешавад, ки дар пайи ин офати табиӣ дар ин кишвар 5 ҳазору 775 бино фурӯ рафтааст. Расонаҳоии хабарӣ ҳар замон аз афзоиши теъдоди фавтидагон ва маҷруҳон хабар медиҳанд. Ба иттилои расонаи давлатии Туркия “Анадолу” эҳтимол аст, ки теъдоди фавтидагон ва маҷруҳони заминларза бамаротиб афзоиш ёбад, зеро вазъи аксари беморон вазнин арзёбӣ мегардад. Ғайр аз ин ҷасади садҳо нафари дигар дар зери харобаҳо боқӣ мондааст.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳаллӣ аз сухтори азим хабар доданд. Ҳарчанд сухторхомушкунон талош доранд, аммо хомуш кардани алангаи оташ ба онҳо муясар намегардад. Ҳоло, тамоми воҳидҳои низомӣ барои корҳои наҷотдиҳӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳамзамон, дар пайи ин офати табиӣ наздики 2000 сокини Сурия низ ба ҳалокат расидааст.
Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, дар натиҷаи таконхурии замин садҳо манзили истиқоматӣ ва дигар иншоот комилан хароб гардидааст. Ҳамчунин, заминларза ба вилоятҳои Ҳалаб, Латакия, Ҳама ва Тартуси Сурия осеби ҷиддӣ расонидааст. Заминларза дар кишварҳои ҳаммоя аз ҷумла Лубнон, Ироқ ва Исроил низ эҳсос шудааст.
Ҳоло дар Туркия ва Сурия ҳуддуи 50 000 нафар аз ҳисоби кормандони хадамоти марбута ва ихтиёриён барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва дарёфти ҷасади одамон сафарбар карда шудаанд. Инчунин, беш аз 60 кишвари ҷаҳон ва як қатор созмонҳои минтақавию байналмилалӣ омодагии худро барои кумак намудан ба ин ду кишвари аз офати табиӣ хисоротдида баён доштанд. Гуфта мешавад, ки аз соли 1939 то инҷониб ин аввалин заминларзаест, ки чунин талафоти бузург додааст.
Баҳруллои М
радиои “Тоҷикистон”