Дар нишасти матбуотии Иттифоқи “Тоҷикматлубот” пеш аз ҳама масъалаҳои сабабу омилҳои гароншавии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус, пиёз, таъсири сардиҳо ба маҳсулоти захиравӣ ва то чи андоза самараовар будани фаъолияти “Тоҷикматлубот” мавриди таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон қарор гирифт.
Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” гуфт, ки сардиҳои шадид дар Тоҷикистон 20% маҳсулоти кишоварзиро дар бозору маконҳои нигоҳдорӣ аз байн бурд. Ба таъкиди Раҳмонализода ҳоло барои муайян кардани ҳаҷми зарар ниҳоди мазкур гурӯҳи корӣ ташкил кардааст, ки аз ҳамин ҳафта ба ҳисоб кардани хисорот шурӯъ мекунад.
Баланд шудани нархи пиёз дар бозорҳои кишвар ҳам саволи актуалии ин нишаст буд. Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар ин бора гуфт, ки ин мушкил на танҳо дар кишвари мо, балки дар дигар кишварҳои Осиё низ ба назар мерасад ва омили асосӣ кам кишт шудани пиёз ва сардиҳои шадиди моҳи январ мебошад.
Дар мавриди то чи андоза самарабахш будани фаъолияти кормандони соҳа Хуршед Раҳмонализода муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” гуфт, ки роҳбарият аз фаъолияти имрӯзаи корхона қаноатманд аст. Ин қаноатмандиро Хуршед Раҳмонализода дар 97 млн. сомонӣ гирифтани даромади Иттифоқи “Тоҷикматлубот” донист. Ба таъкиди номбурда ягон корхона дар як сол қариб 100 млн. сомонӣ даромад нагирифтааст.
Ҳамзамон дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки “Тоҷикматлубот” 64 адад бозорро дар ихтиёри худ дошта, дар давраи соли 2022 барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 45 адад анбор, 3 сардхона дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, н. Б. Ғафуров ва шаҳри Исфара фаъолият кардааст. Ҳамзамон ба таъкиди масъулин айни ҳол дар ҳамкории соҳибкорон дар анборҳои корхона 1625 тонна пиёз, 680 тонна картошка, 100 тонна сабзӣ, 300 тонна мева ва 180 тонна ангишт захира карда шудааст.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”