Сафорати Тоҷикистон дар робита ба заминларзаи ахир дар Туркия телефони боварӣ фаъол кард

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар додааст, ки дар робита ба заминларзаи ахир дар чандин шаҳри ин кишвар бо мақсади кумак ба шаҳрвандони Тоҷикистон телефонӣ боварӣ фаъол кардааст.

Дар изҳороти сафорат омадааст, ки “барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Каҳраманмараш, Ҳатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд ва аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал зарар дидаанд, телефони бовариро фаъол намудааст”.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо ин рақамҳои тамос гиранд:

+ 90 312 491 16 07

+ 90 538 594 32 10 (WhatsApp)

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз дар Туркия ва Сурия бар асари заминларзаи шадид садҳо нафар нафар ба ҳалокат расида, наздики ҳазор нафари дигар маҷруҳ гардидаанд. Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА қувваи заминларза 7,8 ташкил додааст.