Сироҷиддин Икромӣ: Банкоматҳо дар охир ва ё аввали моҳ бемаблағ мемонанд

Раиси Раёсати БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти сохтмон ва имконият барои харидории манзилҳои истиқоматӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар соли 2022 ба 51 нафар дар ҳаҷми 10,7 млн. сомонӣ қарзҳои ипотекӣ пешниҳод намудааст. Аммо, мавсуф дар бораи коҳиш ёфтани фоизҳои қарзи ипотекӣ ба таври мушаххас чизе нагуфт.

Бояд гуфт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми навбатии хеш Бонки миллиро дар якҷоягӣ бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карданд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намояд. Дар робита ба баланд будани фоизи қарзи ипотекӣ Раиси Раёсати БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ иброз намуд, ки: “Бонк ҳам ташкилоти тиҷоратӣ аст ва тибқи қонунгузорӣ мақсади асосии бонк ин гирифтани фоида аст. Мо чӣ тавре, ки захираи қарзӣ дастрас кунем вобста ба ҳамон пешниҳод мекунем.  Айн ҳол яке аз талаботҳои қарзҳои ипотекӣ ҳамин аст, ки аз миёнавазни бозор паст набошад”.

Тавре ки маълум аст, имрӯз фаъолияти банкоматҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат заъиф буда, ба талаботи муштариён ҷавобгӯ нест. Ҳатто дар мавриди корношоям ва ё надоштани маблағи банкоматҳо аз ҷониби расонаҳои хабарӣ чандин гузориш низ омода карда шудааст, аммо ин мушкилӣ то ба ҳол роҳи ҳаллӣ худро наёфтааст. Дар робита ба ин масъала Раиси Раёсати БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки аслан чунин мушкилот дар рӯзҳои охири моҳҳо ё ин ки аввали моҳҳо иттифоқ меафтад, ки замони маошу нафақагирии одамон аст. Сироҷиддин Икромӣ бар он назар аст, ки имрӯз бояд аҳолии кишвар ба барномаҳои мобилӣ рӯ биёранд ва хароҷоти худро тавассути ғайринақдӣ ба роҳ монанд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарону ҷомеашиносон бар он назаранд, ки даст кашидан аз пули нақд ва рӯ овардан ба муомилоти ғайринақдӣ имконнопазир аст, чунки ҳоло маърифати молиявии мардум дар ин сатҳ нарасидааст. Дигар ин ки заъиф будани суръати интернет дар бархе аз манотиқи кишвар боиси кор накардани “барномаҳои мобилӣ”, ки тавассути он муомилот ба роҳ мешавад, мегардад.

Баҳруллои М.

радиои “Тоҷикистон”