Ҳамасола, рӯзи 5-уми феврал аз ҷониби мардуми Покистон ва Кашмир ҳамчун “Рӯзи ҳамбастагии Кашмир” ҷашн гирифта мешавад. Мардуми Покистон ин санаро ба хотири гиромидошт ба шаҳидони Кашмир ва нишон додани ҳамраъйӣ бо муборизони озодӣ, ки ҳуқуқи қонунии худмуайянкунии худро талаб мекунанд ва он тибқи қатъномаҳои СММ эътироф шудааст, таҷлил мекунанд.
Таҷлили “Рӯзи ҳамбастагии Кашмир” аз соли 1990 инҷониб идома дошта, ҳар сол дар ин рӯз раҳпаймоиҳои оммавӣ, семинарҳо, гузоштани намозҳои махсус дар масҷидҳо барои озод кардани Кашмир ва эътирозҳо ба муқобили зулми Ҳиндустон дар Кашмир қайд карда мешавад. Дар ҳамин ҳол бархе аз расонаҳо менависанд, ки сарфи назар аз ҷойгир кардани 900,000 сарбоз ба ин манотиқи таҳти назорати Ҳиндустон, ҳамасола ҳазорон кашмириёни бегуноҳ тавассути ҳамлаҳои ваҳшиёна, задухӯрдҳои қалбакӣ, баста шудани масҷидҳо, нарасидани маводҳои ғизоӣ кушта мешаванд. Аз соли 1989 инҷониб кашмириҳо ба шаклҳои гуногуни терроризми давлатӣ гирифтор шудаанд. Аз ҷумла дар 30 соли охир тақрибан 100 000 аҳолии Кашмир ба ҳалокат расонида шуданд.
Дар ҳамин ҳол, созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, раҳбарони хориҷӣ, СММ ва расонаҳои хориҷӣ пайваста ба вазъияти кашмириҳо, ба хусус пас аз саркӯби низомӣ ишора мекунанд. 4 августи соли 2020 коршиносони ҳуқуқи башари СММ аз Ҳиндустон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки барои рафъи вазъи “ташвишовар”-и ҳуқуқи башар дар Ҷамму ва Кашмир чораҳои фаврӣ андешанд. Рӯзи 29 сентябри соли 2021 “Созмони авфи Байналмилалӣ” бо нашри як баёния изҳор дошт, ки “корашро дар Ҳиндустон қатъ мекунад, зеро 10 сентябри соли 2020, Ҳукумат ҳисобҳои бонкии ӯро барои гузориш дар бораи нақзи ҳуқуқ дар Ҷамму ва Кашмир мунҷамид карда буд.
Қаблан, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаҳои худ се бор изҳор доштааст, ки масъалаи Кашмир бояд бар асоси принсипҳои оинномаи СММ ва қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амният ҳал карда шавад. Рӯзи 13-уми январи соли гузашта, дар як нишаст вакилони бритониёӣ дар мавриди бадрафторӣ аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон бо сокинони қаламравҳои ишғолшудаи Ҳинд суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд масъалаи Кашмир мувофиқи хоҳиши кашмириҳо ҳал карда шавад. Ҳамзамон, Парлумони Аврупо борҳо изҳори нигаронӣ карда, қайд кардааст, ки аҳолии Ҷамму ва Кашмир, ки аз ҷониби Ҳиндустон ишғол шудааст, зери фишори тоқатфарсои озодиҳо ва ҳуқуқҳои бунёдии онҳо қарор гирифтаанд, ки ин аз гузоришҳои созмонҳои зиёди ҳуқуқи башар ва гузоришҳои соли 2019 шаҳодат медиҳад.
Ба иттилои расонаҳои покистонӣ зиёда аз даҳ нафар аъзои Парлумони Аврупо ба раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ва ноиби президент/намояндаи олӣ Ҷозеп Боррел нома навишта, аз онҳо хоҳиш карданд, ки ба вазъияти нигаронкунанда дар Ҷамму ва Кашмири аз ҷониби Ҳиндустон ишғолшуда фавран дахолат кунанд. Аз ҷумла, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар изҳороти ахири худ, бо таъкиди изҳороти қаблии худ дар таърихи 8-уми августи соли 2019, ки дар он хостори ҳалли баҳси Кашмир -тибқи қатъномаҳои СММ ва Оинномаи СММ шуда буд, ҳушдор додааст, ки ҳар як бархӯрди низомии байни Ҳиндустонва Покистон барои ҳарду кишвар ва тамоми ҷаҳон як фалокат хоҳад буд. Аз ин рӯ Гутерриш таъкид доштааст, ки ду қудрати ҳастаӣ – Ҳиндустон ва Покистон бояд бо ҳам ҷамъ омада, мушкилоти худро ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунанд. Аммо то ба ҳол танишҳо миёни ин ду кишвар идома дорад.
Бояд гуфт, ки масъалаи Кашмирро Покистон дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ кардааст, аммо раҳбарони байналмилалӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли ин мушкилот муваффақ нашудаанд. Бо вуҷуди ин, мардуми Покистон ҳар сол дар моҳи феврал “Рӯзи якдилии Кашмир”-ро ҷашн гирифта, мардуми Кашмирро дар мубориза ба сӯи ҳадафҳояшон дастгирӣ мекунанд.