Мардуми Афғонистон аз сардии ҳаво азият мекашанд. Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, дар пайи боришоти шадиди барф ва паст гардидани ҳарорати ҳаво беш аз 200 нафар ба ҳалокат расиданд.
Гуфта мешавад, ки дар 15 соли охир сардтарин зимистон ба Афғонистон омад. Сардии ҳаво дар бисёре аз манотиқи ин кишвар -34 дараҷаро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти вазорати кишоварзии Афғонистон, дар пайи номусоид гардидани вазъи ҳаво беш аз 260 ҳазор сар чорво талаф гардиданд.
Аммо ба андешаи коршиносону таҳлилгарон аксари фавтидагон дар натиҷаи бенавоӣ ва гуруснагӣ ҷон бохтаанд, зеро дар Афғонистон буҳрони иқтисодӣ ҳукмфармост.