Соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 4000 иншоот сохта шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи рушди маҳал, Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти хабарӣ хабар дод.
Ба маълумоти Шарифҷон Ҷумъазода бо амри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси 26 маҳалла дар Бохтар, 21 маҳалла дар Хоруғ ва 22 маҳалла дар Хуҷанд маош таъйин шудааст. Ин иқдом аз соли 2013 рӯйи даст гирифта шуда, дар се шаҳри калони ҷумҳурӣ амал мекунад. Ба раисони маҳаллаҳои 15 шаҳру навоҳии дигари кишвар бо дарназардошти талаботи маҳал маош пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон дар нишасти хабарӣ раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода гуфт, ки дар соли 2022 номи 56 деҳаву маҳҳаллаҳои алҳолинишин дар кишвар иваз карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияҳои Шаҳринав, Лахш, Файзобод, Варзоб ва минтақаи ВМКБ, номҳои маҳаллаҳои аҳолинишин иваз карда шуд. Ба таъкиди номбурда номҳои нави маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби сокинон ва истиқоматкунандагон пешниҳод мешавад, дар маҷлиси ҷамоат ва дар шӯрои вакилони халқи ноҳия қабул мешавад ва розигии Кумитаи забон ва истилоҳот замима мегардад.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”