СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ОФТОБИВУ БОДӢ ДАР  НАЗАР АСТ

Дар соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 21 млрд 399, 5 млн. кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти низоми энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, нисбат ба соли 2021 775,7 млн.кВт соат зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ  дар ин давра  ба 2 млрд.557,6 млн.кВт соат ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 118, 4 млн.кВт соат зиёд мебошад.

 «Ҳарчанд истеҳсоли неруи барқ баландтарин нишондиҳандаро ташкил дод, аммо дар баробари ин талаботи шабонарузӣ дар сармои зимистони имсола  81 млн к.Вт соатро ташкил дод, ки ин ҳам нишондиҳандаи фарқкунанда нисбат ба дигар солҳо ба ҳисоб меравад», – таъкид намуд вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа  зимни нишасти матбуотӣ.

Барои бештар  намудани иқтидори неругоҳҳо 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ карда мешавад. Инчунин дар соли 2022 зеристгоҳҳои барқии «Рудакӣ 110/10 кВ», дар ноҳияи Восеъ, «Вознавд 110/35/10кВ» ва «Даштаки Ванљ 110/35/10кВ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Барои сохтмони неругоҳҳои офтобиву бодӣ дар назар аст, панҷ лоиҳаи дигар татбиқ гарданд, ки ин ҳама барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ ва бештар намудани иқтидори содиротии мамлакат кӯмак хоҳад кард.

Дар охири сӯхбат вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа таъкид намуд, ки сарфаву сариштакорона истифода намудани неруи барқ имкон медиҳад, то шабонарузӣ мардум бо ин зарурати рӯзгор таъмин бошанд, зеро ин имкон медиҳад, то садамаҳо камтар шаванд.

                   Шоистаи Аҳмад

          радиои “Тоҷикистон”