Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар соли 2022 аз майдони 100.5 гектар гармхонаҳои доимамалкунанда 2969 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозор бароварданд.
Дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ маълумот дода шуда, зикр гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 01.01.2023 помидор 1324 тонна, бодиринг 1002 тонна ва 643 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол ва ба бозорҳои истеъмолии кишвар пешниҳод намуданд, ки нисбат ба соли гузашта истеҳсоли сабзавот 586 тонна ё 24.6 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар соли гузашата Тоҷикистон ба маблағи 54 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст. Ба таъкиди сарчашма, 191,2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба 20 кишвари хориҷ содирот шуд. Ин нишондиҳанда нисбати ба ҳамин давраи соли 2021, 17,6 ҳазор тонна кам буда, аз рӯи арзиши гумрукӣ 17,6 млн доллар бештар аст.
Вазорати кишоварзӣ маҳсулотҳоеро аз қабили пиёз – 66,6 ҳазор тон, меваҷот – 54,5 ҳазор тон, меваи хушк – 52,4 ҳазор тон, номбар кард, ки аз ҳама беш содирот шуданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”