Тими занонаи футзали Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2023 ҷойи сеюмро ба даст овард

Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардида, дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA медалҳои биринҷиро ба даст овард.

Голҳоро аз ҳайати тими мунтахаби футзали занонаи кишвар Карина Мирзоева (дубл), Ҷонона Қурбонова ва Некубахт Худойдодова ба самар расониданд.

Дар бозии ҳалкунандаи мусобиқа дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Эрон бо ҳам вомехӯранд. Ғолиби ин ҷуфт медалҳои тиллоро дар Чемпионати дуюми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занона ба даст меорад.