Ҷумъа Далер аз афзоиши истихроҷи гази табиӣ дар кишвар гуфт

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки соли 2022 истихроҷи нафт 24 859,7 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2021, 224,8 тонна ё 9% зиёд мебошад.

Дар ин бора Ҷумъа Далер 30 январ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, афзуд: “Дар соли 2022 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 249,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид карда шуд. Аз ҷумла, бензин 319,8 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ 387,2 ҳазор тонна, сӯзишвории реактивӣ 59,9 ҳазор тонна, мазут 0,08 ҳазор тонна, битум 28,4 хазор тонна, равғанҳои молиданӣ 15,5 ҳазор тонна, дигар намуди маҳсулоти нафти 1,2 ҳазор тонна, кокси нафтӣ 40,6 ҳазор тонна ва гази моеъ 396,7 тонна”.