Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг гуфт, ки бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани ашхоси дар соҳаи фарҳанг фаъолияткунанда яку якбора имкон надорад, вале бо мурури замон ин мушкилот мумкин аст, ки рафъ шавад.
Дар ин бора Зулфия Давлатзода дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ ибрози ақида намуда, таъкид кард, ки ашхосе, ки дар соҳа фаъолият доранд ва иҷоранишин ҳастанд, аз ҷониби муассисаҳо дастгирии моддии ҳармоҳа мешаванд.