Имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир сафар намуд.
Тавре дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба хабарнигори Радиои Тоҷикистон Нуралӣ Давлат иттилоъ дод, сафари мазкур бо даъвати Иттиҳоди парлумонии Созмони Ҳамкории Исломӣ аз имрӯз то 31 январи соли ҷорӣ амали мегардад.
Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳонаш Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар кори 17-умин ҷаласаи Иттиҳоди парлумонии Созмони Ҳамкории Исломӣ иштирок ва суханронӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамчун платформаи муассир барои вокуниш ба чолишҳои замони муосир, роҳандозии корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо дар ҷаҳони ислом нақши муҳим дорад.
Созмони мазкур бузургтарин ва бонуфузтарин созмони расмии ҳукуматии байналмилалии мусалмонон буда 57 мамлакатро муттахид менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъол дар Созмони Ҳамкории Исломиро яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати хориҷии худ муайян намудааст. Дар ин замина, Тоҷикистон дар таҳкими нақши он дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ манфиатдор монда, баҳри тавсеаи ҳамкориҳои густурда миёни кишварҳои аъзо кӯшиш хоҳад намуд.