Рӯзи 27-январ дар шаҳри Алмадаи Португалия мусобиқаи «Grand Prix Portugal 2023» оғоз гардид, ки дар ин мусобиқа 580-ҷудочӣ аз 83-кишвари ҷаҳон аз рӯи 14-вазн давоми 3-рӯз бо ҳам рақобат мекунанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқаи «Grand Prix Portugal» ҷудочиён аз рӯи 5-вазн рақобат намуданд. Рақобатҳо дар вазнҳои -60кг ва -66кг миёни мардон ва зери вазнҳои -48кг, 52кг ва 63кг миёни бонувон сурат гирифт.
Тоҷикистонро дар рӯзи аввали мусобиқа Обид Ҷебов дар вазни -66кг намояндагӣ кард ва тавонист, ки то ба даври 1/8 финал роҳ ёбад.
Дар даври аввали мусобиқаи мазкур Обид Ҷебов муқобили ҷудочии мизбон Нуно Мартинс пирӯз гардида, ба даври баъди роҳашро ҳамвор кард.
Дар даври дуюми Grand Prix Portugal ҷудочии тоҷик бо варзишгари Испания – Мартин Гаитеро сабқат намуд. Рақобати ин ду ҷудокор то ба вақти тиллоӣ идома кард. Дар вақти тиллоӣ ҷудочии тоҷик тавонист, ки як итмиёзи вазарӣ кор кунад ва ба даври 1/8 финал роҳ ёбад.
Дар ин давр Обид Ҷебов бо варзишгари 18-солаи Туркманистон Сардор Раҳимов рақобат кард. Дар ин қувваозмоӣ ҷудокори туркман тавонист, ки бо бартарии як вазарӣ ғолиб гардида, роҳашро ба даври баъдӣ ҳамвор созад. Ҳамин тариқ Grand Prix Portugal 2023 барои Обид Ҷебов бо ду пирӯзӣ ва як бохт ба анҷом расид.
Бояд қайд намоем, ки имрӯз се ҷудочии дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг) ва Шодмон Ризоев (-81кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.