Аъмоли ҳар ташкилот, ки дар ҷомеа фаъолият менамояд, аз андешаву мафкураи сиёсии он маншаъ мегирад. Мусаллам аст, ки бунёди мафкуравии ташкилоти террористии наҳзати исломро сохтмони як давлати шариатмеҳвари бунёдгаро ташкил медиҳад. Роҳбарияти ин созмон бо ҳар роҳу воситае ки набошад, мехоҳанд ҷомеаи хирадмеҳвару дунявро аз байн бурда, ба ҷойи он низоми вопасгаро ва теократиро ба вуҷуд оваранд.
Ин ташкилот ба хотири тавсеа бахшидани манфиатҳои хоҷаҳояш таъсис ёфта, ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳои онҳо сармоягузорӣ мешавад. Аҷиб ин аст, ки ҳарчанд ҳадафи ниҳоии он барҳам задани кишвари дунявӣ ва рӯи кор овардани низоми динию мазҳабист, вале сарвари популисти ин гурӯҳ аз демократияву мардумсолорӣ ва аз адолати иҷтимоию ҳаққи интихоб садо дар меоварад ва ин мафҳумҳоро тутивор такрор менамояд.
Таҷрибаи кишварҳои дорои низоми динию мазҳабӣ собит намудааст, ки дар ин гуна низом ҳеҷ гуна мардумсолорӣ вуҷуд надорад. Зеро ин навъи ҷомеа дармонда, дур аз адолати иҷтимоӣ, ҳаққи интихоб ва озодии фардӣ аст. Ҳамаи мардум дар муқобили қонун баробар нестанд. Бартарият дар ҳамаи умур бар салоҳияти табақаи рӯҳонист.
Дар чунин давлатҳо қишри иртиҷоии рӯҳонӣ худро намояндаи дину шариат ва шахси вижа муаррифӣ менамояд. Мардум ба ҳайси фармонбар, муҷрӣ, мутеъ, ва таслимшудаву итоаткор фаҳмида мешаванд, ки ҳаққи ширкат дар таъйини сарнавишти хешро надоранд. Дар ҷомеаи динмеҳвар ба ҷойи мафҳуми шаҳванд аз мафҳуми раият ва уммат истифода мешавад. Барои чунин навъи ҷомеа набуди қонунгузории одилона ва тарвиҷи фасоди густурдаи ахлоқиву маданӣ хос аст.
Дар он донишҳои дақиқи илмӣ ҷойгоҳ надошта, бунёди онро таассубу хурофот ва ҷаҳли мураккаб ташкил медиҳад. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, роҳбари ташкилоти террористии наҳзатӣ аз мардумсолорӣ, адолат, ҳуқуқи башар ва амсоли ин ҳарф дар миён меоварад ва ҳадаф аз ҳамаи ин гуфтаҳо мардумро гул задану худро як шахси зиёиву модерн нишон додану мағзҳои соддабоварро ба худ ҷалб намудан аст.
Наҳзатиҳо бо чунин рафторашон мехоҳанд сиёҳро сафед нишон диҳанд ва зулматро рушноӣ арзёбӣ намоянд. Мағз ва андешаи наҳзатӣ андешаи воруна аст. Чунин ба назар мерасад, ки мағзи онҳо ба мисоли оинаи каҷест, ки воқеиятро таҳриф намуда, онро нодуруст инъикос менамояд. Зеро фаҳму дарки онҳо на аз хирад ва мантиқи солим, балки аз эҳсос ва ҷаҳл маншаъ мегирад.
Саркардагони наҳзатӣ ҳар рӯз созу оҳанги дигар доранд. Ҳар рӯз ниқобу чеҳраи худро иваз менамоянд. Вале бунёди андешаашон ҳамеша ҳамбастаи таассубу хурофот аст. Гоҳо худ дарк намекунанд, ки аз чӣ мегӯянд ва ин мафоҳим ба кадом илм ва ба кадом навъи ҷомеа хос аст. Барояшон ин низ муҳим нест. Муҳим он аст, ки фазилатфурӯшӣ кунанду худро дар нақши як донишманд ҷилва диҳанд.
Чарбзабонӣ, пурруйӣ, худбохтагӣ ва амсоли ин хислатҳоеанд, ки фирориёни террористи наҳзатӣ шеваи асли худ қарор дода, аз ин роҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёвагӯиву ҳарзафурӯшӣ мекунанд. Бо ҳар роҳу восита кушиш ба харҷ медиҳанд, то тавассути ахбори зидду нақизи хеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳи мағзшӯи кардан ва интишори ахбори бардурӯғ пайраврну тарафдоронро аз сафи ҷавонони ноогоҳ ба худ ҷалб намоянд.
Амали асосии бадзотҳои шайтонсифати наҳзатӣ бозӣ кардан ба имону эътиқоди мардум аст. Онҳо худро ҳомии асосии дин ва имону эътиқоди мардум нишон дода, бо роҳи осон мехоҳанд ба зеҳни гурӯҳҳои гуногун таъсиргузорӣ намоянд. Вале воқеият ин аст, ки наҳзатиҳо аз дину эътиқоди мардум ба ҳайси як дукони сармояғундорӣ истифода менамоянд.
Пирону сардамдорони ин ташкилоти террористӣ ҳанӯз дар бомдоди истиқлол ба хотири ба даст овардани пулу сармоя ва расидан ба қудрат кишварро ба хоку хун яксон намуданд. Бо мақсади расидан ба ҳадафи касифашон ҷанги ҳамватаниро дар кишвар роҳандозӣ намуда, истиқлоли давлатӣ ва вуҷуди кишвари тоҷиконро зери савол гузоштанд. Аҷиб ин аст, ки имруз мехоҳанд он таърихро ҳам таҳриф намуда, худро «мусичаи бегуноҳ» нишон диҳанд.
Наҳзатиҳо аз фоҷеаи солҳои 90-уми асри гузашта, ки бар сари миллати тоҷик оварда, боиси марги зиёда аз 150 ҳазор нафар шуда, пойгоҳи иқтисодии кишварро хароб намуданд ва миллатро дар ҳоли нобудӣ қарор дода буданд, боре зикр намекунанд. Аҷиб аст, ки наҳзатипешаҳои кабиримонанд дар кишварҳои ҷаҳон имрӯз хуни мардумро меразанд, ҳаққи мардумро мехӯранд, кишварҳоро аз байн мебаранд, мардумонро бадбахт мекунанд ва ин ҳамаро «бо номи Худо», «дин» анҷом медиҳанд, вале боре эҳсоси масъулият намекунанд, боре чашмашон намепарад ва боре аз мардум хиҷолатзада намешаванд. Гумон мекунанд бо гузашти солҳо ин ҳама амалҳои зишташон аз зеҳни мардум зудуда шудааст ва насли нав аз он огоҳ нест.
Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои аз суи наҳзат рух додаро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатузӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони наҳзатӣ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебарад. Он замон ин заҳробаи равонӣ ҷисм ва рӯҳияи миллӣ-мардумиро дар минтақа шикаста, боиси худбохтагӣ, бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмӯъ, хурофоту таассуби шадид гардида буд.
Таъкид сари ҷанги бародаркушист, ки шаҳрвандони нисбатан солдидаи кишвар хуб дар ёд доранд. Оғози солҳои навадум ба хотири ақида ва мафкураи бегона бародар гулуи бародарро дарид ва бадбахтии зиёде бар сари миллат омада буд. Ин расвоӣ ва беобрӯйӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст ва таъсири касофатзадагии тарроҳону дастандаркорони он ҷанги хонамонсӯз, ки ҳазорон-ҳазор нафарро ба хун оғушта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир сохт, то имрӯз назаррас аст.
Аҷиб аст, ки ҳамаи ин шармандагиву сарафкандагии миллиро терористони наҳзатӣ ба сари мардуми тоҷик, танҳо ба хотири расидан ба қудрати сиёсӣ оварданд ва имрӯз бо гузашти солҳо мехоҳанд таърихро таҳриф кунанду гуноҳу аъмоли касифонаву разилонаи хешро бар гардани дигарон бор кунанд. Ин гуна рафтори палидона ҳамон масали «ҳам дуздиву ҳам пешхезӣ»- ро ба хотир меовард. Ин шева аслан хос ба нафарони беномусу хоин аст, ки хиёнату ҷиноят содир намуда, баъдан онро ба гардани дигарон бор мекунанд.
Ҳамчунин ин бадандешон, пас аз созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ низ аз аъмоли гузаштаи хеш сабақ нагирифтанд ва ба таблиғи идеологияи ҷиҳоду шаҳодат идома бахшиданд. Ҳамин идеологияи зиддиинсонӣ сабаб гардид, то ҳазорон нафар аз бошандагони кишвар ба сафи гурӯҳҳои террористӣ пайвастанд. Аз онҳо садҳо нафарашон ҷони хешро аз даст дода, иддаи дигар бесарнавишт ва дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.
Яъне ТТЭ ҲНИ миллат ва мардумро ҳам дар арсаи байналмиилалӣ ва ҳам дар дохили кишвар ба бадбахтиву сарафкандагӣ мувоҷеҳ намудааст. Наҳзатиҳо ҳамеша мисли мариз дар баданаи миллатанд, ки аз онҳо ба ҷуз дард кашидану ҷафо дидан ва кулфату озор дигар чизе ба давлату ҷомеа нарасидаасту намерасад.
Хайрулло Раҷабалиев,
сиёсатшинос