Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 24 январ дар мақолае бо номи “Ҳисор. Рушди саноат таваҷҷуҳи бештар мехоҳад” аз фаъолияти кӯтоҳмуддати бархе корхонаҳои саноатӣ дар манотиқи кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Муаллиф ба унвони мисол навиштааст, ки соли 2014 бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор маҷмааи хусусии «Даҳбед» ифтитоҳ шуд. Маҷмаа аз меҳмонхона, коргоҳи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ, маркази савдои дорои 75 фурӯшгоҳ, ошхонаю чойхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ иборат буда, барои 500 нафар ҷойи кори доимӣ таъсис шуд.
Аммо муаллиф зимни боздид аз маҷмаи «Даҳбед» мушоҳида кардааст, ки танҳо меҳмонхонаи он фаъолият дораду бас. Дари 75 фурӯшгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ баста аст.
Ба таъкиди муаллиф гарчанде коргоҳҳои дӯзандагии «Даҳбед»-у «Шарофат» фаъолияти тӯлонӣ надоштанд, вале барои сокинон умеди калон бахшида буданд. Дар ҳар ду корхона бояд то 1500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардид, аммо ҳайҳот, ки хунукназарию саҳлангории мутасаддиён корхонаҳои мазкурро ба сӯи муфлисӣ кашонд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин вазъи соҳаи варзиш дар Тоҷикистонро баррасӣ карда, навиштааст, ки дар кишвар барои идораи самаранок бояд сохтори алоҳидаи соҳаи варзиш фаъолият намояд. Ба андешаи Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, натиҷаҳои варзиши тоҷик дар ду соли охир ғайриқаноатбахш аст. Ба гуфтаи вай, соли 2021 варзишгарони мо натавонистанд дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио медал бигиранд, ҳол он ки дар се Олимпиадаи пешин – Пекин – 2008 ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ), Лондон – 2012 як медали биринҷӣ ва Рио-де-Жанейро як нишони тилло ба даст оварда буданд. Зимнан, дар Олимпиадаи Токио – 2020 аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд.
Бо назардошти ин Нарзулло Латифов пешниҳод кардааст, ки соҳаи варзиш аз тобеияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш берун карда шуда, сохтори алоҳида бо номи Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шавад.
Дар хулоса муаллиф навиштааст, ки ҳоло дар дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобаста ба самти варзиш як раёсат ва як шуъба фаъолият мекунад, ки дар маҷмуъ, қариб 15 корманд дорад. Худ қазоват кунед, ки чи тавр 15 нафар метавонанд ба ҳама самтҳои варзиш расидагӣ кунанд? – гуфтааст муаллиф.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 25 январ мақоле бо номи “Саноати дорусозӣ” чоп карда, менависад, ки рушд бахшидани саноати дорусозӣ дар кишвар яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид.
Дар ин маврид Сарвари давлат таъкид карданд, «Гарчанде саноати дорусозӣ солҳои охир тадриҷан рушд ёфта, ҳоло дар кишвар истеҳсоли 340 намуди доруворӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳаҷми маҳсулоти соҳа соли 2022 нисбат ба соли 2021-ум се баробар афзоиш ёфтааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд».
Ба таъкиди муаллиф бо ин миқдор дору, ки ҳоло дар кишвар истеҳсол мешавад, талаботи бозори дохилиро наметавон қонеъ кард. Аз ин ҷост, ки дар зарфи ду соли охир дар кишвар ба маблағи 84 миллион доллар доруворӣ ворид шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соҳаи дорусозӣ Тоҷикистон имконияти хуб дорад, ки ин истифодаи растаниҳои дармонбахш мебошад. Моро танҳо лозим аст роҳи дурусти омӯзиш, таҳқиқ ва коркарди онро пайдо намоем.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумора хабар додааст, ки ахиран ба Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Шаҳринав 43 адад дучарха тақдим гардид. Дар ин маросим муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Шоиста Неъматуллозода миннатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои ҳамкории судманд иброз намуда, таъкид кард, ки дастрас гардидани дучархаҳо ба беҳтар гардидани кор мусоидат хоҳад кард.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 25 январ бо нашри мақолае зери унвони “Ниёз дар ғами пиёз” савол гузоштааст, ки чаро омор ба нархи бозор мувофиқат намекунад? Ба навиштаи муаллиф тайи рӯзҳои охир нархи пиёз дар бозорҳои кишвар то 7,5 то 8 сомонӣ афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки дар соли гузашта дар ҳамин мавсим қимтаи як кг. пиёз 2,5 сомонӣ буд. Зимни баррасии сабабҳои болоравии нархи пиёз муаллиф ба номусоид омадани обу ҳаво ва афзоши содироти ин маҳсулот ба хориҷа ишора кардааст.
Дар ин замина муаллиф савол гузоштааст, ки чаро Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти масъул оянданигарӣ накарда, барои содироти пиёз ба хориҷа иҷозат додаанд? Дар ҳоле ки талаботи дохилии кишвар ба ин маҳслуот таъмин нест.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре ин мавзӯро баррасӣ кардааст, ки оё мактабҳои Душанбе бо гармӣ таъмин ҳастанд? Нашрия хабар додааст, ки ахиран, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо вазъи зимистонгузаронии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, 55 ва муассисаи таҳсилоти томактабии №27-и ноҳияи Шоҳмансур шинос гардидаанд. Дилбар Одилзода дар муассисаҳои мазкур бо мураббиёну омӯзгорон сӯҳбат намуда, ба масъулин ҷиҳати гарм нигоҳ доштани муассисаҳо дар рӯзҳои сард дастуру супориш додааст.
Муаллиф ёдовар шудааст, ки дар умум дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе наздики 269 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд. Ҳамзамон, дар ҳудуди пойтахт 157 муассисаи томактабӣ низ фаъолият доранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 26 январ бо нашри мақолаи таҳлилие вазъияти муҳоҷирони дохилӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф муҳоҷирати дохилӣ дар кишвар аз соли 2008 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Аз ҷумла аз соли 2007 то 2021 аз 1200 оила аз вилоятҳои Суғду Бадахшон ба ноҳияҳои камаҳолии вилояти Хатлон кӯчонида шуданд. Дар ин матлаб бархе муҳоҷирони дохилӣ дар ноҳияи Хуросон дар набудани мактаб ва мушкилот барои таҳияи санадҳои замин ва хона шикоят кардаанд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2022-2024 интизор аст ба ноҳияи Хуросон боз 410 оила аз саросари кишвар кӯчонида шавад.
Ҳафтаномаи “Пайк” чопи Кӯлоб дар шумораи рӯзи 26 январ дар матлабе аз афзоиши таблиғи озмунҳои мухталифи бурди пулӣ интиқод кардааст. Мақола “Вақте телевизион ба қимор даъват мекунад” ном дошта, муаллиф дар ин замина менависад, ки агар фикр кунед бе дарди миён соҳиби хона, конвертҳои пулӣ, мошинҳои қимматбаҳо ё дигар ашёҳои гаронарзиш мешавед, сахт хато мекунед! Он блогере, ки гиви худро эълон медораду чиптаҳояшро ба фурўш мегузорад, то охирин чиптаро аз пули мову шумо нафурўшад, бозиашро оғоз намекунад. Яъне бо пули худамон боз худамонро миннатдор мекунанд.
Дар идома муаллиф савол гузоштааст, ба телевизионҳои мо чӣ шуда, ки ин авомфиребонро рўз то бегоҳ тарғиб мекунанду мардумро даъват ба қиморбозӣ? Ба таъкиди муаллиф тарғиби доруҳо ва табобати халқии чинӣ кам буд, ки боз “Лотои миллӣ” рўи экранҳо баромад!? Пас, идеологияи телевизионҳо аз блогерони кўча чӣ фарқ дорад!? – пурсидааст муаллиф.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”