Раёсати маорифи вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки ҳар моҳ мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро ба семинари омӯзишӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо самтҳои мухталифи соҳа омӯзонида мешавад. Аслан, ин семинари омӯзишӣ барои такмили дониш ва маҳорати касбии онҳо мебошад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар дода, илова намудааст, ки дар семинари омӯзишӣ на танҳо самтҳои таълиму тарбия, балки маҳорати корбарию роҳбарӣ, ташкилотчигӣ, муносибату корбарии шакли муосир бо кадрҳои омӯзгорӣ, роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва усулҳои таъсиррасон дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа омӯзонида мешаванд. Илова бар ин, назорату амалӣ кардани барномаҳо ва ҳуҷҷатгузориҳо омӯзонида хоҳад шуд.