Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии аввали санҷиширо доир намуд.
Рақиби дастаи ҷавонони кишвар дар бозии аввал ҷавонони Ироқ (U-20) ба ҳисоб мерафт. Вохӯрии дастаҳо 23-январ дар маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ» доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.
Бозии навбатии санҷиширо ҷавонони то 20-солаи кишвар дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия рӯзи 26-уми январ бо бошгоҳи «Бухоро», ки роҳбарии онро дастпарвари футболи тоҷик Ҳаким Фузайлов бар ӯҳда дорад, баргузор мекунад.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”