Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар навоҳии кӯҳӣ, ҳамчунин дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Дар натиҷаи гармии рӯзона ва об шудани барфҳо сардии шаб боиси яхбандӣ дар роҳҳо мешавад. Аз ин рӯ, аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз равуо дар қитъаҳои хатарноку осебпазир бо мақсади саёҳат, ҷамъоварии ҳезуму роҳандозии корҳои дигар худдорӣ намоянд.
Кумита ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки агар сафар зарур бошад, бояд аввал мошини худро аз назар гузаронанд, чархҳои фарсударо бо нав иваз кунанд, ҳама лавозимоти барои ин рӯзҳо заруриро бо худ бигиранд.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳои сарду тармахез эҳтиёткор бошанд ва бе зарурат ба роҳ набароянд.