Санаи 18 январи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии 4 созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд сурат гирифт.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати молия хабар медиҳад, созишномаҳои грантии мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Ба иттилои манбаъ созишномаҳо аз инҳо иборатанд:
1. Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Кӯмаки техникӣ барои маблағгузории лоиҳаи неругоҳи барқи обии «Роғун») – ҳадафи лоиҳа ин таҳияи сохтори маблағгузорӣ ва заминаи тиҷоратии лоиҳаи НБО-и «Роғун», баланд бардоштани устувории экологӣ ва иҷтимоии он, баланд бардоштани шаффофият ва дастгирии татбиқи Барномаи манфиатҳои НБО-и «Роғун» мебошад.
Арзиши умумии кӯмаки техникӣ 11,7 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 15,0 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.
2. Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи дастгирии сиёсати рушди босубот ва устувори Тоҷикистон) – ҳадафи лоиҳа ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сиёсати рушди босубот ва устуворӣ тавассути беҳтар намудани шароит барои сармоягузории бахши хусусӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳии бахши давлатӣ, аз ҷумла корхонаҳои давлатӣ, инчунин таҳкими устувории иҷтимоӣ ва экологӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ, мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 39,0 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 50,0 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.
3. Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ) – ҳадафи асосии лоиҳа ин мустаҳкам намудани заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии дахолати изтирорӣ барои ҳалли мушкилоти ғизо дар Тоҷикистон мебошад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 39,0 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 50,0 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.
4. Созишнома оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд – мақсади асосии пешпардохт ин омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа, ҳисобот оид ба таъсири лоиҳа ба муҳити зист ва иҷтимоӣ, хизматрасониҳои машваратии транзаксионӣ ва тахассусоти асосии лоиҳа мебошад.
Дар доираи Созишномаи мазкур 1,5 млн доллари амрикоӣ ба сифати пешпардохт пешниҳод гардидааст.