Як вақтҳо (такрибан солхои 1999- 2007), дар ҳар деҳаву кўчаҳо, дар забони хурду бузург, номи «Садои Душанбе» ва қаҳрамони қиссаҳо, баҳсҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои ин шабакаи сартосарӣ буд.
Вақте дар деҳа мактабхон будем, муаллимон мепурсиданд, ки «кӣ ва чӣ шудан мехоҳед?» мегуфтем «Рўзноманигор» ва ҳатман илова мекардам, ки «дар «Садои Душанбе» фаъолият хоҳам кард». Чун ҳама аз ин садо мегуфту ровиёнашро ситоиш менамуд. Хӯшбахтона, як замони кӯтоҳ замони донишҷӯӣ дар ин радио фаъолият намудам.
Дар чорабиниҳои мактабӣ барандаҳои ҷавон ба Сафаргулу Сурайё, Дилбару Гавҳарбону, Зиёвиддину Сайфулло ва дигар хабарнигорон тақлид мекарданд, ин хотираҳо ҳеҷ аз ёд намеравад.
Ҳарчанд ба гуфтаи муҳаққиқони соҳа бо рушд ёфтани ВАО ва таъсиси дигар шабакаву радиоҳои ҳукумативу хусусӣ, яккатозиаш аз байн рафт ва як каме ба шўҳрати сартосарияш таъсир гузошт, вале ҳанўз ҳам бо барномаҳои ҷолибу хабару гузоришҳои ҳирфавияш дар ҷумҳурӣ ҷойгоҳҳи худро дорад.
Воқеан ҳам, “Садои Душанбе” аввалин радиои алтернативӣ буд, ки 18-уми январи соли 1999 бо кўшишу талоши равоншод Сайф Раҳимзоди Афардӣ таъсис шуд.
Яке аз сабабҳои шўҳратёр шудани “Садои Душанбе” –ро ба он рабт медиҳанд, ки аввалин сармуҳаррираш Сафаргул Олимӣ дастаи қавии журналистонро иборат аз Раҳмоналӣ Шералиев, Беҳрӯзи Хоҷазод, Шарифи Мисайзод, Раҳматкарими Давлат , Қурбони Тӯсавӣ, Сурайё Шуҷоат, Зиёвуддини Нурзод, Парвин Ализода, Сайфуллои Бозор, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигарон гирди ҳам овард ва онҳо матолиби ҷолибу муҳим таҳия мекарданд ва бо шунаванда иртибот барқарор намуда буданд.
Тибқи иттилои сомонаи ин шабака радиои «Садои Душанбе» дар як шабонарӯз 12 соат ба таври мустақиму оригиналӣ ва 12 соат такрор барномаҳои худро пахш мекунад. Садо ин расона рӯйи мавҷи 102,2 FM дар шаҳри Душанбе, мавҷи 100,2 FM дар вилояти Суғд, 103,1 дар вилояти Хатлон, 102,5 дар шаҳри Хоруғ ва дар мавҷҳои миёна -АМ 549 килогертс ва АМ 11,61 килогертс шунида мешавад. Тавассути моҳвора ва баззаҳои DVB-T2-T3 низ имкон дорад, ки «Садои Душанберо» пахш гардад.
Ахиран дар соли 2022 тибқи як пурсиши сотсиологии Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» миёни радиоҳои давлатӣ ҷои аввалро гирифт.
Саидэҳсон Ҷалолиён
радиои “Тоҷикистон”