Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба якчанд қонунҳои кишвар, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Кабули лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», имкон медиҳад, то доираи объектҳои ҳатмии суғурта васеъ гардида, дар қатори пасандозҳои воқеӣ, инчунин суратҳисобҳои амонатию пасандозии соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба суғурта фаро гирифта шавад. Бинобарин номи қонун ҳамчун Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо пешниҳод шуда, Хазина низ ҳамчун «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» номгузорӣ карда шудааст.
Тағироти дигари қонун ин аз он иборат аст, ки дар қонуни амалкунанда андозаи ҷубронпулӣ аз рўи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гуногун буд ва тибқи тағйирот барои ҳарду ҳолат андоза як хел муқаррар карда шуд.
Иҷлосияи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид. Ҳамчунин дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ», Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Сарвар Қурбониён, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, вакилони Маҷлиси намояндагон, Гиёзода Азиз, Обидзода Фозил, Ашурзода Ғиёсиддин муаррифӣ намуданд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”