Корпоратсияи амрикоии Microsoft нақша дорад, ки тақрибан 5% бастҳои кориашро, ки тақрибан ба 10-11 ҳазор корманд мерасада ихтисор кунад.
Дар ин бора шабакаи телевизионии Sky News хабар дода, ин расона навиштааст, ки бузургҷуссаи нармафзори амрикоӣ метавонад нақшаи ихтисори шумораи назарраси ҷойҳои корӣ дар саросари ҷаҳонро дар тӯли чанд рӯз эълон кунад.
Тибқи иттилои Sky News, бад шудани вазъи иқтисодӣ ширкатро водор кардааст, ки чунин чораҳоро андешад.
Microsoft яке аз ширкатҳои бузургест, ки асосан ба коркарди барномаҳои компютерӣ машғул буда, асосгузор ва молики он, Бил Гейтс пулдортарин шахс дар олам аст.