Ҷудокорони тоҷик дар «Grand Prix Portugal 2023» ҳунарнамоӣ мекунанд

Рӯзҳои 27-ум 29-уми январ дар оғози «фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ» ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқати «Grand Prix Portugal 2023», ки дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқа мутаассифона, ду ҷудочии беҳтарини кишвар, Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ бинобар сабаби мушкили раводид дар мусобиқаи мазкур иштирок карда наметавонанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои кишвар иборат аз 7-нафар: Обид Ҷебов (-66кг), Беҳрузи Хоҷазода (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг) дар ин мусобиқа шомиланд.

Тими мунтахаби ҷудои кишварро дар «Grand Prix Portugal 2023» Тамура Тори, соҳибтахассуси ҷопонӣ роҳнамоӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби ҷудои кишвар аз 9-ум то 16-уми январ дар машқҳои дастаҷаъмӣ дар шаҳри Миттерсилли Австрия бо роҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов омодагӣ диданд.

Ҳамзамон, бо оғози фасли нави ҷудои ҷаҳонӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷудокорон барои касби имтиёзҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии Пориж – 2024 талош хоҳанд кард.