Ҳамасола дар Паёми хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлилу баррасии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, соҳаи маорифро дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор медиҳанд.
Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат роҳбари давлат зикр доштанд, ки “Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”. Дар робита ба ин масъала намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷалолиддин Амиров мегӯяд, ки ҳеҷ як кишваре бе соҳаи маориф пойдор буда наметавонад. Аз ин хотир таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба ин соҳа дорои аҳамияти бузург мебошад.
“Бояд гуфт, ки бо дарназардошти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати мамлакат сол то сол сатҳу саводнокии муҳассилин дучанд гардида, теъдоди ғолибони озмунҳои байналмилалӣ бештар мегарданд, махсусан, роҳандозӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷиҳати тақвияти донишу маърифати наврасону ҷавонон заминаи созгор гузоштааст”, мегӯяд, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷалолиддин Амиров. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуда буданд, ки “мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”.
Ба таъкиди сарвари давлат дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Ба андешаи намояндаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷалолиддин Амиров бештар гардидани теъдоди муассисаҳои таълимӣ ва муҳайё гардидани шароити дарсомӯзӣ дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагон таъсири амиқи худро мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва муҳими кишвар ҳамеша дар маркази диққати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати боз ҳам рушд намудани соҳаи мазкур тадбирҳои муассир андешида мешавад.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”