17 январи соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Ректори Донишкадаи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар д-р Абдулазиз Муҳаммад Юсуф ал-Ҳур баргузор шуд.
Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар дар самти омӯзиш ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон ва таҳияи барномаҳои муштараки таълимиро дар ин соҳа баррасӣ намуданд.
Перомуни дигар мавзӯҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.