Аз 18-ум то 26-уми январ дар пойтахти Тайланд шаҳри Бангкок нашри дуюми Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мешавад.
Барои иштирок намудан дар мусобиқа 243-варзишгар аз 21-кишвари қораи Осиё номнавис шудаанд. Барои дар ин мусобиқа ширкат варзидан, Федератсияи бокси Тоҷикистон 7-варзишгар – 6 мард ва 1-занро ба Тайланд сафарбар кардааст:
-57кг – Хусравхон Раҳимов
-60кг – Абубакр Муродзода
-71кг – Довуд Маҳкамов
-75кг – Абдумалик Болтаев
-80кг – Шаҳбоз Ҳаитов
+92кг – Асадбек Маннонов
-60кг – Бибинишастамо Холова
Дар ин сафар варзишгаронро мураббиён Маҳмадҷон Сулаймонов ва Хуршед Абдуллоев ҳамроҳӣ мекунанд. Доварони тоҷик Акмалҷон Абдуллоев ва Меҳроҷ Умаров бошад муҳорибаҳои чемпионатро ҳакамӣ хоҳанд кард.
Аввалин нашри Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола моҳи январи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуда буд, ки варзишгарони тоҷик 11-медал, аз ҷумла 1-тилло ба даст оварда буданд.