Бо насби ҳисобкунакҳои ҳушманд тақаллубкории бархе аз нозирони барқ аз байн меравад?

 Ҳарчанд бар асоси омори расмӣ соли 2022 дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии барқ 21 миллиард кВт соат истеҳсол шудааст,  аммо талафоти нерӯи барқ ҳамчунон боқӣ мемонад. Гуфта мешавад, ки дар 10 моҳи соли 2022 сатҳи талафоти барқ дар Тоҷикистон 20,4 дарсадро ташкил додааст.

Бо назардошти ин вазъият, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» вазифадор шудааст, ки тадбиқи талафоти кам намудани нерӯи барқро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқиро дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон саривақт таъмин кунад.

Ҷомӣ Умаров, менеҷер оид ба тиҷорати ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар сӯҳбат ба барномаи «Фурсати баён»-и  радиои «Тоҷикистон» гуфт, ба хотири аз 20, 4 фоизи феълӣ ба 8- дар сад кам кардани талафоти барқ, лоиҳаҳои зиёдеро рўи даст гирифтаанд ва баъзеашон дар иддае аз минтақаҳо дар ҳоли амалӣ шудан аст. Ҷомӣ Умаров гуфт, феълан дар ноҳияи Синои пойтахт низоми нави автоматикунонидашудаи назорати нерӯи барқ тақрибан 80 фисад иҷро шуд, ҳоло  аз 125 ҳазор муштарӣ ба 105 ҳазор нафар ҳисобкунакҳои ҳушманд ё интелектуалӣ таъмин ва насб кардаанд.  

Инчунин ба гуфтаи Ҷомӣ Умаров, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чандин лоиҳаи дигар бо донорҳо ба имзо расида, дар ҳолати лоиҳакашӣ қарор дорад.  Менеҷер оид ба тиҷорати ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар сўҳбат ба радиои  «Тоҷикистон»  афзуд, тибқи ин тарҳҳо  барномаи рушди энергетика бо арзиши 95 миллион доллар барои низоми нави автоматикунонидашудаи назорати нерўи барқ,  дар ноҳияҳои дигари пойтахт – Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ  инчунин шаҳрҳои Бӯстон, Исфара ва Истаравшан ва ноҳяҳои Данғара, Панҷакент ва Конибодом роҳандозӣ мешавад. Ин лоиҳа, аллакай, оғоз шуда, таҷзияву насбу васли он моҳҳои наздик шурўъ мегардад.

Лоиҳаи дигар бо арзиши 35 миллион евро барои ба ин системаи мазкур гузаштани шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб роҳандозӣ шудааст. Ҳамин тавр, тамоми манотиқи кишвар оҳиста-оҳиста ба  низоми нави автоматикунонидашудаи назорати нерўи барқ хоҳанд гузашт.

Тибқи иттилои масъулини  ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»   феълан дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқии ҳӯшманд бунёд шудааст ва барои дигар ноҳияҳо аз ҳамин корхона таҷҳизот таъмин мешавад.

Саидэҳсони Ҷалолиён,

радиои «Тоҷикистон»