Занони Афғонистон дар шароити ваҳим ва хушунтабор умр ба самар мебаранд. Моҳи декабри соли гузашта толибон бо судури як фармон занонро аз ҳақи таҳсил маҳрум намуданд, ки ин амалкард ба вокуниши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ гардид.
Чанде пеш СММ аз мақомоти Афғонистон талаб кардааст, ки табъиз алайҳи занонро бас кунанд. Табъиз нисбати занон аз ҷониби мақомоти Афғонистон метавонад ба фалокати башардӯстона оварда расонад. Аксарияти мутлақи аъзои Шӯрои Амнияти СММ аз мақомоти афғон даъват карданд, ки ҳама маҳдудиятҳои золимона алайҳи духтарон ва занон, аз ҷумла мамнӯъияти охирини кори занон дар созмонҳои имдодиро, ки вазъи бе ин ҳам ваҳимро боз ҳам шадидтар мекунад, лағв кунанд. Шӯрои Амнияти СММ аз мақомоти Кобул тақозо кардааст, ки ба созмонҳои башардӯстона монеъ нашавад ва дастрасии бидуни мамониат ба кормандони худро, новобаста аз ҷинс, таъмин кунад.
Сафири Британияи Кабир дар СММ Барбара Вудворд гуфтааст, ки дар пайи мамнӯъияти кори занон дар созмонҳои башардӯстона, 15 дарсади ин созмонҳо ҳама гуна фаъолият дар Афғонистонро мутаваққиф кардаанд ва 68 дарсад фаъолияти худро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд. Вай афзуд, кумакҳои башардӯстона бидуни занон ғайриимкон аст. Дейвид Милибанд, мудири кулли Кумитаи байналмилалии наҷот, созмоне, ки аз соли 1988 дар Афғонистон фаъол аст, гуфт, соли гузашта 8000 корманди ин ташкилот аз ҷумла 3000 зан, ба беш аз 5 миллион мардуми афғон дар саросари ин кишвар, хидмат расонидаанд. Тибқи пешгӯиҳои Сандуқи Кӯдакони СММ, имсол 13,5 миллион кӯдаки афғон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.