Дар натиҷаи таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати мамлакат дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омада, нерӯгоҳҳои зиёди барқи обии хӯрду бузург ва иншооти зиёди дигари интиқоли нерӯи барқ ба истифода супорида шуданд ва таҷдиду азнавсозии якчанд нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ идома дорад.
Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ Даврон Исҳоқов мегӯяд, ки то ба имрӯз эҳтиёҷоти аҳолӣ танҳо бо қувваи барқи истеҳсолнамудаи ватанӣ таъмин мегардад, ки ин самараи татбиқи сиёсати энергетикии мамлакат мебошад. “Дар робита ба ин шаҳрвандони кишварро низ мебояд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба талафоти зиёдти нерӯи барқ бо истифода аз таҷҳизоти каммасраф қувваи барқро сарфакорона истифода намоянд”,- мегӯяд Даврон Исҳоқов.
Ба андешаи Роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Абдуалим Самизода ҳамасола дар мавсими сармо иқтидори энергетикӣ кам гардида, талабот ба нерӯи барқ бошад баръакс зиёд мегардад. Аз ин хотир бо мақсади паст кардани талафоти нерӯи барқ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расида буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи манбаи дигари энергия, ба монанди ангишт, газ ва ғайра кам гаштааст, ки аз ин сабаб сарборӣ асосан ба соҳаи барқ мебошад. Ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ боиси аз талабот зиёд сарф шудани он мегардад. Рӯзона дар вақтҳои таъмини кофии рӯшноӣ ҳам фурӯзон будани таҷҳизоти равшанидиҳанда дар бисёр иншооту хонаҳо мисоли истифодаи бефоидаю аз меъёр зиёди қувваи барқ аст.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”