Акс аз манбаъҳои боз
Котиби нави матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдул таъйин гардидааст. Ӯ ба ин симат рӯзи шанбе, 14-уми январ баргузида шудааст. Дар ин бора расонаҳо хабар доданд.
Дар ин мақом Эҳсон Сафарзода 9 сол сухангӯйи вазири маориф ва илми кишвар буд, ки ахиран ба вазифаи сармуҳаррир Эҳсон Сафарзода сардабири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» баргузида шуд.
Ба иттилои Halva.tj Наврӯзи Ҷумъамурод ҳарчанд миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ чандон чеҳраи ошно нест, вале собиқаи ками хабарнигорӣ дар матбуотро дошта, дар ҳавзаи илмии кишвар шинохта аст.
Бино ба иттилои манбаъ, Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдули 26-сола зодаи ноҳияи Ховалинг буда, хатмкардаи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2018 ва аспирантураи Пажӯҳишгоҳи адабии Максим Горкийи Русия дар соли 2021 мебошад.
Номбурда то замони таъйин шудан ба ин симат мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми кишвар буд.
Ӯ замоне сухангӯйи нав интихоб гардид, ки Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз дафтарҳои матбуотии фаъол ба шумор мерафт ва ба унвони намунаи роҳандозии ҳамкориҳои касбӣ бо расонаҳо дониста мешуд. Чандин сол аз ҷониби созмонҳои ҷамъияти Эҳсон Сафарзода, ба унвони беҳтарин котиби матбуотӣ баргузида шуда буд.