Дар соли 2022 аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки яке аз калонтарин минтақаи кишоварзии ҷумҳурӣ мебошад, беш аз 23 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба кишварҳои Белорус, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон ва Туркия содирот шудааст.
Ба иттилои сомонаи расмии МИҲД вилояти Хатлон аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии содиротшуда наздики 3 ҳазору 820 тонна бо истифода аз роҳи оҳан ва 20 ҳазор тоннаи дигар тавассути нақлиёти заминиву ҳавоӣ фиристода шудаанд.
Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки соли 2022 беш аз шаш ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 4 ҳазору 157 тонна пиёз, 330 тонна полезӣ, зиёда аз 5 ҳазор тонна мевагӣ ва лиму, 10 ҳазору 860 тонна ангур ва 1 ҳазору 528 тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.