«Барселона» бо шикаст додани «Реал Мадрид» Суперҷоми Испанияро ба даст овард

Шаби 15-январ бозии финали Суперҷоми Испания миёни бошгоҳҳои «Барселона» ва «Реал Мадрид» баргузор гардид. Рақобат миёни дастаҳо дар «Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳи Фатҳа» баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 бар нафъи шогирдони Хави ба анҷом расид.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 33-юми дидор Гави аз партофти Роберт Левандовски ба самар расонида, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Дар охири қисми аввали бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 45-уми рақобат бошад Гави ба Левандовски ирсоли головар анҷом дод ва Левандовски партофти ӯро ба гол анҷом дода, ҳисоби бозиро 2:0 намуд. Голи сеюми «Барселона»-ро дар дақиқаи 69-ум Педри ба самар расонид. Ягона голро аз ҳайати бошгоҳи шоҳона дар лаҳзаҳои охири рақобат Карим Бензема ба самар расонид. Ҳамин тариқ «Барселона» бо натиҷаи 3:1 «Реал Мадрид»-ро шикаст дода, Суперҷоми Испанияро дар соли 2023 ба даст овард. Дар ин рақобат Гави беҳтарин бозингари финал эътироф шуд!

Барои сармураббии каталониҳо, Суперҷоми Испания аввалин ҷоиза ҳамчун мураббии «Барселона» ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намоем, ки «Барселона» бори 14-уми Суперҷоми Испанияро ба даст овард. Карло Анчелотти бошад сар карда аз соли 2010 бори аввал дар финал ба бохт рӯ ба рӯ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниманиҳоии Суперҷоми Испания «Барселона» «Бетис»-ро шикаст дода, «Реал Мадрид» бар «Валенсия» пирӯз гардид. Ногуфта намонад, ки ҳарду дастаҳо дар навбати худ бар рақибонашон аз рўи иҷрои силсилаи зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) ғалаба намуданд.

Рекордгузор аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Суперҷоми Испания бошгоҳи каталонии «Барселона» ба ҳисоб меравад, ки 14-маротиба соҳиби Ҷом шудааст. Бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид» бошад 12-бор дар ин мусобиқа ба пирӯзӣ даст ёфтааст.