Аз аввали моҳи январи соли 2023 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми омӯзиш ҷараён дорад.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ки Ба ин муносибат, дар Вазорати мудофиаи мамлакат, раёсатҳои навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва дар тамоми ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳурӣ ҷамъомаду машғулиятҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.
Аз ҷумла, чанде қабл дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат, чун ба мисли дигар сохторҳои зертобеи он, ҷамъомади тантанавӣ бо садои Суруди миллӣ, баромади ҳайатҳои роҳбарӣ ва ба саҳми ҳозирин расонидани нақша-чорабиниҳо ва талаботи фармоиши вазири мудофиа вобаста ба ташкилу баргузории даври якуми омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён гирифт.
Чунин чорабиниҳои тантанавӣ ҳамзамон аз аввали моҳи январ дар пойгоҳи тамоми қисму воҳидҳои низомӣ ва ҷузъу томи тобеи навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бо ташкили ҷамъомаду машғулиятҳои дарсӣ, намоиши нуқтаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, ки барои нимсолаи якуми омӯзишӣ пешбинӣ шудааст, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ду давраи хониш доир мегардад. Нимсолаи якуми соли хониш аз аввали моҳи январ оғоз гардида, то моҳи июн идома меёбад, нимсолаи дуюм бошад, аз моҳи июл шурӯъ гардида, дар моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Дар ҳарду давраи соли хониш, як моҳ таътил дода мешавад, ки дар ин давра хизматчиёни ҳарбӣ баҳри омода намудани синфхонаҳои таълимӣ, майдончаҳои тактикӣ, муҳандисию сафороӣ, варзишӣ ва умуман барои пурра мутобиқ намудани пойгоҳҳои моддӣ-таълимӣ машғул мешаванд.