Криштиану Роналду «Тӯби тиллоӣ» худро фурӯхта кӯдакони беморро кӯмак мекунад

Дар бештари шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардидааст, ки футболбози машҳури португалӣ Криштиану Роналду «Тӯби тиллоӣ» яшро фурӯхта ба кӯдакони бемор ёрӣ мерасонад.

Маҷаллаи бритониёии «Мирер» эълон кард, ки Криштиану Роналду нусхаи «Тӯби тиллоӣ»-и соли 2013 ба даст овардаашро, ки дар осорхонаи худ дар Мадейра аст, ба фурӯш баровардааст.

Криштиану Роналду нусхаи Ballon d’Or 2013-ро барои кӯдакони дорои бемориҳои муайян ба фурӯш бароварда ба онхо кӯмак кард.

Тибқи хабаргузории The Mirror, нусхаро Идан Офер, миллионер, ба маблағи 600,000 евро харидааст.

Криштиану Роналду дар солҳои 2008, 2013, 2014, 2016 ва 2017 «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овардааст.

То куҷо ҳақиқат будани ин хабарро намедонам, лекин аз хайрҳое, ки футболбози португалӣ анҷом медиҳад, кулли мардуми ба футбол майл дошта бохабаранд.