Бо мақсади мушаххас намудани роҳи ҳаллу фасли масъалаҳои сохтмони 55 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллии деҳаи Сайидони болои ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун ва деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод дар асоси супориши дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муовини якуми Вазири нақлиёт Бобозода Раҳим ҷаласаи корӣ бо ҷалби масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ доир гардидааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар ҷаласаи мазкур доир ба масъалаҳои интихоби масири минбаъдаи сохтмони роҳҳои маҳаллӣ дар минтақа, ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармояи хориҷӣ, дар мавзеи обанбори неругоҳ нигаронида шуда, зимни он ҳамаи паҳлуҳои масъалаҳои зикргардида баррасӣ гардиданд.