Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми маъданҳо

10-12 январи 2023 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Форуми байналмилалӣ дар бораи дурнамои истихроҷи маъданҳо (Future Minerals Forum) баргузор шуд.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хабар медиҳад, дар форуми мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ширкат варзид.