Дар кишвар тайи чанд соли охир азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, имсол то 15 – уми феврали соли равон муайян гардидааст. Қарори ивази шиносномаҳо моҳи феврали соли 2019 роҳандозӣ шуд ва барои ин кор ба сохторҳои дахлдор то моҳи августи соли 2019 муҳлат доданд. Аммо дар ин муддат аксарият шиносномаҳояшонро иваз накарданд ва Ҳукумати кишвар муҳлатро то 15-уми феврали соли 2020 тамдид карда буд. Вале дар ин муҳлат ҳам мардум натавонистанд шиносномаҳои худро иваз карда, симкортҳои худро дубора ба қайд гиранд. Аз ҳамин лиҳоз ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои ивази шиноснома то 15 феврали соли 2023 муҳлат дода шуд.
Муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковник Боймаҳмад Раҷабзода мақсади асосии роҳандозӣ гардидани ивази шиносномаҳои намунаи соли 1996 – ро ба намунаи соли 2014 дар азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ дониста, афзуд, ки дар ҳоли ҳозир симкортҳои зиёда аз 1 млн нафар аҳолии кишвар бо шиносномаи намунаи соли 1996 амал мекунанд.
Ба таъкиди муовини сардори Хадамоти шиносномавиюбақайдгирии ВКД полковник Боймаҳмад Раҷабзода аз ҷониби Вазорат кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор карда шудаанд, ки шароити беҳтару дастрасро барои шаҳрвандон фароҳам оваранд. Ҳамзамон номбурда иброз дошт, ки барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 тибқи қарори Ҳукумати ҶТ 10 доллари ИМА ва барои гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ 75 доллари ИМА бо асъори миллӣ муайян гардидааст.
Бояд гуфт, ки барои гирифтани шиносномаи таъҷилии умумишаҳрвандии хориҷӣ, ки дар мудддати 7 рӯзи корӣ омода мешавад, 150 доллари ИМА ва шиносномаи фаврӣ дар давоми 3 рӯзи корӣ 225 доллари ИМА муайян гардидааст.
Ба таъкиди мақомоти дохилӣ онҳое, ки телефони мобилӣ ва симкорт надоранд, вазифадор нестанд, ки шиносномаи куҳна ва ё коғазии соли 1996-ро бо шиносномаи пластикӣ иваз кунанд. Тибқи қарори ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои мобилӣ бояд симкортҳои худро бо шиносномаҳои пластикӣ ё ID дубора сабти ном намоянд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”