Тибқи натиҷаи қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 оид ба футболи бонувон, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» қарор гирифта, бо мунтахабҳои Филиппин, Ҳонконг ва Покистон рақобат мекунад.
Дар даври аввали марҳилаи интихобии 26-дастаи занона ба 7-гурӯҳ тақсим мешаванд. Мтени 7-гурӯҳи тақсим гардида 5-гурӯҳ иборат аз 4-даста ва ду гурӯҳ иборат аз 3-даста барои марҳилаи баъди рақобат мекунанд. Бозиҳои даври аввал аз 3-юм то 11-уми апрел баргузор мешаванд.
Ғолибони 7-гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки 5-дастаи беҳтарин дар Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат ҳамроҳ мешаванд.
Дар даври дуюм 4-дастаи беҳтарин (се ғолиби гурӯҳ ва беҳтарин дастае, ки ҷойи дуюмро ишғол кардааст) дар даври сеюми интихобӣ бо ҳам вомехӯранд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳо ба ду ҷуфт тақсим гардида, ду бозӣ – дар хона ва дар меҳмонӣ баргузор мекунанд. Ғолибони ҷуфтҳо ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Париж 2024-ро ба даст меоранд.
Натиҷаи қуръакашии даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024:
Гурӯҳи «А»: Ӯзбекистон, Урдун, Тимори Шарқӣ, Бутан.
Гурӯҳи «В»: Мянмар, Эрон, Бангладеш, Малдив.
Гурӯҳи «С»: Ветнам, Непал, Фаластин, Афғонистон.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Муғулистон, Сингапур, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Ҳонконг, ТОҶИКИСТОН, Покистон.
Гурӯҳи «F»: Тайбейи Чин, Индонезия, Лубнон.
Гурӯҳи «G»: Ҳиндустон, Қирғизистон, Туркманистон.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”