Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон омодагиҳоро ҷиҳати иштирок дар Чемпионати CAFA-2023 оғоз намуд

Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе тамринҳоро барои иштирок намудан дар Чемпионати CAFA-2023 оғоз кард.

Ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ 21-бозингар даъват шудааст, ки аз ин шумора 14-бозингар ба дархости ниҳоӣ ҷиҳати ширкат дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал дохил мешаванд. Мусобиқаи CAFA-2023 аз 25-ум то 31-уми январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни дастаҳои занона, мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Ҳайати тими миллии футзали занонаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо»), Дилноза Нурова, Фараҳноз Холмуродова (ҳарду аз «Хатлон»);

Бозингарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Марҷона Саидова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Зулайхо Сафарова, Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумахонзода, Меҳрангез Шарипова (ҳама аз «Хатлон»), Комила Расулова (МВЗО №27 «Сокол», Москва), Рухшона Файзуллоева, Мунаввар Назарқулова (ҳарду аз «Суғд»), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).