Муҳаррам Набизода сазовори “Мураббии сол” дар Суғд дониста шуд

Дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдз озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» дар сатҳи вилоят ҷамъбаст гардида, Муҳаррам Набизода – мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон сазовори ҷойи якум шудааст.

Ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Суғд, ғолиби даври вилоятии озмун Муҳаррам Набизода – мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» вилояти Суғро намояндагӣ менамояд.

Дар марҳилаи аввали озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» 11 нафар намояндагони беҳтарини касбу кори худ – ғолибони озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз рӯи 5 шарт – машғулияти таълимӣ, мизи мудаввар, тасвир намудан ва сохтани манзара, дониш ва маҳорати касбии мураббия, ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ ширкат намуда, 6 нафар беҳтаринҳо ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар даври ҷамъбастӣ довталабон аз рӯйи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа донишу маҳорати хешро нишон доданд.

Ҳамзамон онҳо аз дискҳо самаранок истифода намуда, корҳои эҷодиашонро дар шакли дастурҳои методӣ, мақола, маърӯза ва воситаҳои айёнӣ пешниҳод намуданд.