9 январ зимни баргузории ҳамоиш дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, директори меҳмонхонаи Ҳилтон Гаган Малхотра, роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Давлати Кувайт як чанд созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Дар ин бораи АМИТ “Ховар” бо истинод ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, таъкид мекунад, ки ин созишномаҳо ба тақвияти бештари ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар мусоидати фаъол хоҳанд намуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни ҳамоиш зикр гардидааст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳмондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.
Ҳумчунин дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба меҳмонони кувайтӣ муаррифӣ гардиданд.