Қонунгузорони аврупоӣ ба мувофиқа расиданд, ки то соли 2035 фурӯши нақлиётҳои сабукрав ва микроавтобусҳоеро, ки бо истифода аз маводи сузишворӣ ҳаракат мекунанд дар ҳудуди Иттиҳодияи Аврупо тадриҷан қатъ кунанд.
Аллакай дар ин самт созишнома миёни намояндагони Парлумони Аврупо ва Шӯрои Аврупо ба имзо расидааст. Гуфта мешавад, ки дар сурати ҷорӣ кардани автомобил то соли 2030 партови газҳои гулхонаӣ барои мошинҳои нави сабукрав 55% ва мошинҳои боркаш 50% кам карда мешавад. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки то соли 2035 олудашавии ҳаво аз газҳои гулхонаӣ 100% коҳиш дода шавад.
Мувофиқи маълумоти Агентии Аврупо оид ба муҳити зист, нақлиёти автомобилӣ 30% тамоми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ИА ва тақрибан аз се ду ҳиссаи нафти дар ИА истифодашавандаро ташкил медиҳад.