То охири аср нисфи пиряхҳои ҷаҳон аз байн мераванд

Олимону коршиносон бар он назаранд, ки то охири аср нисфи пиряхҳои ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Новобаста аз оне, ки ҳарорати миёнаи ҷаҳон 1,5 дараҷа коҳиш ёбад ҳам ҳамоно эҳтимоли обшавии пиряхҳо вуҷуд дорад.  

Бино ба маълумоти ҳавошиносон дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи баҳр боло рафта, боиси обхезии минтақаҳои муҳими соҳилӣ дар саросари ҷаҳон ва инчунин як қатор давлатҳои ҷазиравӣ мегардад. Ба ақидаи коршиносон агар ҳарорати миёнаи ҷаҳон бо суръати ҳозира боло равад, аз се ду ҳиссаи пиряхҳо то охири аср нобуд хоҳанд шуд.

Ба иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ҳоло як қатор кишварҳои аврупоиро мавҷи гармои шадид фаро гирифтааст ва ба ақидаи олимон ин раванд метавонад таъсири манфии худро ба пиряхҳо расонад.