Арҷгузорӣ ба осори ҷовидонаи Мавлоно дар ноҳияи Нуробод

Бахшида ба Рӯзи бузургдошти ситораи намоёни олами илму адаб ва мутафаккири барҷастаи Машриқзамин — Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки ҳамасола 30 сентябр таҷлил мегардад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79-и ноҳияи Нуробод ҳамоиш баргузор гардид.

Пеш аз оғози чорабинӣ иштирокчиёни ҳамоиш аз намоиши асарҳои ин орифи бузург дидан намуда, ғазалиёт ва қиссаҳои ибратбахшу тарбиявии Мавлоноро аз қироати хонандагон шуниданд ва ба маҳорати онҳо баҳои баланд доданд.

Тибқи барномаи таҳияшуда, дар ҳамоиш масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон, рӯзгор ва осори Мавлоно, андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии ӯ, инчунин «Маснавии маънавӣ» ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷамшед Раҳимбеков,

ноҳияи Нуробод.